Атовулло  ба Тоҷикистон бармегардад?

Манобеи сомонаи «Ахбор” мегӯянд, Додоҷони Атовуллоҳ, яке аз мухолифони собиқадори ҳукумати Тоҷикистон рӯзҳои наздик – алакай то соли нав ба Душанбе сафар мекунад. Худи Додоҷони Атовуллоҳ ахиран хабар дод, ки ба наздикӣ бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекунад, вале ин дидор «маънои худро фурӯхтан ё таслим шуданро надорад.

Манобеи сомонаи «Ахбор” дар Душанбе мегӯянд, масъалаи бозгашти Додоҷони Атовуллоҳ, яке аз мунтақидони собиқадори ҳукумати Тоҷикистон ниҳоӣ шудааст ва ӯ то чанд рӯзи дигар — алакай то соли нав — бояд ба Душанбе сафар кунад. Додоҷони Атовуллоҳ бори охир дар ибтидои солҳои 2000-ум, тақрибан 16 сол пеш аз Тоҷикистон боздид карда буд,

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони «Ахбор”, Додоҷони Атовуллоҳ ҳамагӣ барои чанд рӯз ба Тоҷикистон меояд ва дар Душанбе бо мақомоти баландпояи ҳукумат мулоқот карда, шояд барои зиёрати мазори модараш ба зодгоҳаш – Панҷакент ҳам биравад. Эҳтимол меравад, баъди Тоҷикистон Додоҷони Атовуллоҳ роҳии Маскав шавад. Тақрибан 10 соли охир роҳи сафари Русия низ ба рӯи Додоҷони Атовуллоҳ баста буд.

Додоҷони Атовуллоҳ рӯзи 20 декабр дар саҳифааш дар шабакаи Фейсбук хабар дод, ки ҳарчанд мухолифони бозгашти вай ба Тоҷикистон кам нестанд, вале бо ин вуҷуд ба наздикӣ мулоқоти ӯ бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад. Додоҷони Атовуллоҳ навишт: «Дар тамоми олам вохӯрии як сиёсатмадори мухолиф бо роҳбари кишвар ин як амри маъмулист ва маънои худро фурӯхтан ё таслим шуданро надорад. Ман ягон тамаъ надорам. На мансаб мехоҳам, на ягон имтиёзе. Ин танҳо як музокира ва мулоқоте хоҳад буд. Агар сурат бигирад… Дар Тоҷикистон ва дар ҳукумат низ онҳое низ кам нестанд, ки ҳеҷ гоҳ намехоҳанд ман ба Ватан баргардам. Барои онон ҳамеша «душман» даркор аст, ки барои мубориза бо «душман» маблағ биситонанд ва муҳим будани худро ба намоиш бигузоранд.”

“Ахбор”

То кадом андоза ин хабари “Ахбор” асос дорад, дар рӯзҳои наздик муайян хоҳад гашт. Аммо агар Атовулло мансаб нахоҳад, тамаъ надошта бошад ва чизи дигаре  барояш лозим набошад, пас мақсад аз бозгашти ӯ чист? Оворагӣ хотима ёфт?

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *