Ҷӯрабек ва зиндагиномаи ӯ

Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарпешаи халқии СССР, овозхон, мутриб ва оҳангсоз ва яке аз тавонотарин тенорҳои лирикии тоҷик рӯзи 24 декабр ба синни мубораки 75 расид. Ҷӯрабек Муродов ҷашни 75-солагиашро рӯзи 24 декабр дар ҳалқаи дӯстону наздикон ҷашн мегирад. Гурӯҳи ҳунарии «Нури Хуҷанд” шоми 24 декабр ба шарафи ҷашни ин Ҳунарпешаи халқии СССР як консерт баргузор мекунад.

Фирӯз Ҳайдаров, маъмури ширкати «JM Production” хабар дод, ки ҷашни асосии 75-солагии устод Ҷӯрабек Муродовро ҳамроҳ бо 55-солагии оғози фаъолияти ҳунарии ӯ 24 марти соли оянда, дар рӯзҳои иди Наврӯз таҷлил хоҳанд кард: «Ба нақша гирифтаем, ки дар кишвар таҷлили 75-солагии устодро бо барномаҳои консертӣ дар баҳор оғоз кунем. Устод Ҷӯрабек Муродов мехоҳад бо сурудҳои тоза дар пойтахт, Хуҷанд ва минтақаҳои гуногуни кишвар консерт гузорад. Ҳоло дар ин бора ба Вазорати фарҳанг муроҷиат накардаем. Моҳҳои январ расман мактуб карда, иҷоза хоҳем гирифт.”

Ширкати «JM Production”, ки ба Ҷонибек Муродов, овозхони низ маъруф ва писари Ҷӯрабек Муродов тааллуқ дорад, ба шарафи 75-солагии ӯ филми мустанаде бо номи «Бо Худо, бо халқ, бо худ” таҳия кардааст, ки дар он худи соҳибҷашн ва дӯстону наздиконаш хотираҳояшонро қисса мекунанд.

Ҷӯрабек Муродов 24 декабри соли 1942 дар деҳаи Куруди ноҳияи Айнӣ ба дунё омада, соли 1962 Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод (ҳоло – Хуҷанд)-ро хатм кардааст. Аз соли 1963 то поёни соли 1992, тӯли 30 сол дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон кор кардааст. Ҷӯрабек Муродов соли 1967, дар синни ҳамагӣ 25 унвони Ҳунарпешаи шоиста (хизматнишондода)-и Тоҷикистон ва соли 1974, вақте 32 сол дошт, унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро ба даст овард ва дар соли 1979 сазовори унвони Ҳунарпешаи халқии СССР – баландтарин унвони ҳунарӣ дар Шӯравии собиқ шуд.

Ҷӯрабек Муродов дар соли 1990 вакили парлумони Тоҷикистон интихоб шуд. Аммо баъди кашмакашиҳои соли 1992 Ҷӯрабек Муродов аз Душанбе ба Хуҷанд кӯчид. Ҷӯрабек Муродов дар Хуҷанд низ фаъолияти пурҷӯши ҳунариро ба роҳ монд, ки меваҳояш таъсиси ансамбл ва сипас Академияи «Шашмақом” дар Хуҷанд ва кори пурсамар дар театри ба номи Камол аст.

Ҷӯрабек Муродов 4 писар дорад: Фирдавсбек, Хусравбек, Парвизбек ва Ҷонибек. Аз байни фарзандонаш фақат писари хурдии ӯ Ҷонибек, ки ҳоло 31 сол дорад, бо роҳи падар рафт ва ҳоло яке аз хонандагони шинохтаи эстрадаи тоҷик ба шумор меравад.

Падари Ҷурабек Муродов— Ғолибеков Муродбек (тав. 1904). Модар— Фатҳулоева Бибиоиша (тав. 1900). Ҳамсар— Исмоилова Мушарафа Абдуғафаровна (тав. 20 феврали 1947). Фарзандон: Писари калонӣ Фирдавсбек Ҷурабекович (санаи тав. 23.09.1966), Хусравбек Ҷурабекович (тав. 11 янв. с. 1973), Парвизбек Ҷурабекович (тав. 31.07.1977), Ҷонибек Ҷурабекович (санаи тав. 29.05.1986).

Ҷӯрабек Мурод солҳои 70-80-уми асри пушти саршуда як силсила мақолаҳои илмӣ таълиф намудааст, ки дар роҳи омӯзиши мусиқии суннатӣ бебаҳоянд. Махсусан, мақолаҳои ӯ— «Умри ҷовидонаи санъаткор» (роҷеъ ба ҳофиз, бастакор ва машшоқи забардасти халқи тоҷик Ҳоҷӣ Абдулазиз(Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулов), «Ба рағми булбулон» (ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди Домулло Ҳалим), «Ҳофизи мумтози халқ» (оид ба асолати навозандагию сарояндагии устоди мумтози мусиқии халқию классикии тоҷик Бобоқул Файзуллоев), «Ҳунарвари бузург» (роҷеъ ба Борбади Марвазӣ) ва ғайраро метавон зикр намуд, ки барои бедор намудани завқи мусиқишиносии хонанда арзиши баландро соҳибанд. Ҷӯрабек Мурод сарояндаи ҷӯянда ва нисбат ба касби худ серталаб аст. Ӯ пайваста санъати мусиқии гузаштаю имрӯзаи миллатамонро бо як ҳисси шавқмандӣ меомӯзад. Махсусан намунаи овозҳои ҳофизони халқӣ ва ҳирфаии тоҷик Ҳоҷӣ Абдулазиз,Содирхон,Домулло Ҳалим, устод Шодӣ, Акашариф ҶӯраевБобоқул Файзуллоев, ки ба қарта сабт шудаанд, ҷамъ намуда, унсурҳои бо худ хос ва характерноки вокализми халқӣ-профессионалии тоҷикро ба комёбиҳои навинаш пайваста меомӯзад. Ин аст яке аз чашмгиртарин асрори шӯҳратёри ӯ дар ҷодаи санъат.

Ҷӯрабек Мурод ба маънои пурраи сухан эҷодкори ҳақиқии санъат мебошад. Зеро ин абармарди дунёи санъат дар иҷрои ҳар як суруди нав тарафҳои тоза ба тозаи истеъдоди худро ба мухлисон зоҳир мекунад. Пешравии ӯро ҳатто аз суруд то суруд ва аз оҳанг то оҳанг метавон мушоҳида намуд. Дуди чароғ хӯрдану дандон болои ҷигар гузоштан ва зулмотро ба субҳ бадал намудан гувоҳи умри 50-солаи санъаткории ӯст. Маҳз ҳамин сӯхтанҳову сохтанҳои устод дар роҳи эҳёи санъати мусиқӣ ва овозхонии аҷдодонамон боис гардид, ки номи муборакаш вирди забонҳову сабти китобу қомусҳои зиёде гардад. Аз ҷумла, соли 1998 ҷилди якуми китоби бисёрҷилдаи тарҷумаиҳолӣ дар Москва таҳти унвони «Дар тамаддуни имрӯза, кӣ кӣ аст?» аз чоп баромад. Китоби мавриди назар фарогири 3 боб буда, қисматҳои «Инсони асри ХХ», «200 нафар арбоби барҷастаи имрӯз» ва «Хазинаи тиллоӣ»-ро дар бар мегирад. Боиси ифтихори бузург ва сарбаландии мо тоҷикон аст, ки дар байни 200 нафар шахсиятҳои барҷастаи ҷаҳон, аз қабили санъаткорони бузург Людмила Зикина, Иосиф Кобзон, Алла Пугачёва, Филипп Киркоров, Валерий Леонтев, Лариса Долина ҳунарманди маҳбуби мо, устод Ҷӯрабек Мурод низ ҷой гирифтааст.

Ҷӯрабек дар солҳои гуногун соҳиби чунин мукофоту унвонҳо гаштааст:

Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1967)

Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1974)

Ҳунарпешаи халқии ИҶШС (1979)

Мукофоти Ленинии комсомоли ҶШС Тоҷикистон (1975)

Мукофоти давлати ҶШС Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ (1987)

Ордени «Нишони ифтихор» (1980)

Ордени «Шуҳрат» (Тоҷикистон)

Медал «Барои фаъолияти ҷасурона. Дар ҷашнгирии 100-солагии рӯзи таваллуди Владимир Илич Ленин»

Медали тиллоӣ— иттиҳодияи консертии Ҷопон «Мин-он» (1987)

Грамотаи ифтихории Президиуми Шӯрои олии Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон.[1]

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *