Авҷи бунёду баистифодадиҳии бунгоҳҳои тиббӣ дар Вахш
Давоми соли равон дар ноҳияи Вахш панҷ бунгоҳи тиббии муосир сохтаву мавриди истифода қарор дода шудааст. То охири сол бунёду баистифодадиҳии боз се бунгоҳи дигари тиббӣ дар назар аст.
Шералӣ Нуров, роҳбари Кумаки аввалияи тиббию санитари ноҳияи Вахш дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки дар шаш моҳи соли 2022 дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот панҷ бунгоҳ сохта шуда, то охири сол эъмори боз се бунгоҳи дигар дар назар аст. Ӯ мегӯяд, ду бунгоҳи тиббие, ки солҳо дар вагон ҷойгир буданд, пурра бароварда шудаанд.
“Ҳоло чор минтақа бунгоҳи тиббӣ надоранд ва дар марказҳои саломатӣ ба мардум хизмати тиббӣ расонида мешавад. Ҳамчунин аз ҳисоби афзоиш ёфтани аҳолӣ ба панҷ бунгоҳи тиббӣ ниёз дорем. Дар чор соли оянда ин мушкилиҳо пурра бартараф карда мешаванд”,- афзуд ӯ.
Шералӣ Нуров таъкид кард, ки то моҳи апрели соли 2023 даҳ маркази саломатӣ бо дастгирии ҳукумати кишвар ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат пурра навсозӣ шуда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ҷиҳозонида мешаванд.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ