Садамаи марговар! Як нафар дар ҷойи ҳодиса, ду нафар дар беморхона фавтиданд (аудио)

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳодисаи нохуши нақлиётие хабар дод, ки дар пайи он се нафар ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, 15-уми августи соли 2022 тахминан соати 17:00 ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Давлатов Тағай, соли таваллудаш 1955, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Тойота-Каролла”, таҳти идораи Кобулиев Камолиддин Шарофуддинович, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Кӯлоб бархӯрдааст. Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Тойота-Каролла”, Турдиева Миҷгона Бобомуродовна, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри мазкур, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Мусофири дигари ҳамин автомашина Шарипова Оқиламоҳ, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Салимова Фирӯза, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.

— Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *