Бо даъвати Шоҳ Салмон Шавкат Мирзиёев ба Арабистони Саудӣ меравад

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 17 ва 18 август бо даъвати шоҳ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд сафари давлатиеро ба Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад.

Шерзод Асадов, сухангӯи Президенти Узбекистон иттиллоъ додааст, ки тибқи барномаи ин сафар, дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ гуфтугӯи раҳбарони ду кишвар баргузор ва дар он масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Риёзу Тошканд баррасӣ мешаванд.

Ба гуфтаи Асадов, «дар ҷараёни сафари Мирзиёев имзои бастаи бузурги санадҳои дуҷониба дар бораи “иқтисоди сабз”, технологияҳои баланд, рақамисозӣ, навоварӣ, тиҷорати хурд ва соҳибкорӣ дар назар аст».

Ҳамчунин,  Президенти Узбекистон аз шаҳрҳои Макка ва Мадинаи Арабистони Саудӣ боздид хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *