Авезова Назира:Шогирдон бароям азизанд

Занги телефонии журналист хаёли Назирабонуро барҳам зад. Зеро суханро аз калимаи омӯзгор оғоз намуда буд. Муаллим! Чӣ қадар ин вожа барояш муқаддас аст. Чӣ қадар хотиротеро дар пай дорад. Тамоми умр бо ифтихор аз пешаи интихобнамудаи худ умр ба сар бурдаву шоҳкитоби рӯзгораш аз пандҳои хонои зиндагӣ пуропур аст. Фаъолияти беш аз сисолаи омӯзгорӣ чун навори кино пеши назар пайдо мегардад.

Ҳаваси ҷавонони насли ислтиқлол

Қаҳрамони имрӯзаи мо Авезова Назирабону дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Деҳае, ки духтаронаш аз хондану кор кардан дур монда буданду имконияти таҳсил барои ӯ душвор буд. Вале бо вуҷуди ин, Назира таслими мушкилоти зиндагӣ нашуда, соли 1988 ҳуҷатҳои худро ба Донишгоҳи педагогӣ ба номи Шевченко супорид.

“Ман ду соли аввали донишҷӯиро дар бахши рӯзона хондам, вале аз сабаби он, ки дар курси сеюм маро ба шавҳар доданд, таҳсилро дар бахши ғоибона идома додам”, -ин зани тарбиятгар ба ормон аз ҷавонии худ ёд карда, ҳаваси шароитҳои мусоидро мехӯрад, ки имрӯз барои ҷавонон муҳайё гаштааст:

“Дар замони мо роҳи ағбаи Анзоб дар фасли зимистон душворгузар мешуд. Ман, ки дар донишгоҳ ғоибона мехондам, дарсҳоям дар ин фасли сол рост меомад. Дар ёд дорам, бо кӯдаки шашмоҳа ба роҳ баромада, аз саҳар то бегоҳ дар роҳ будем. То ба Душанбе расидам, кӯдакам аз шиддати сардӣ бемор шуда буд. Баъд аз он ҳодиса дигар ба роҳи Самарқанд ё ҳавопаймо ба пойтахт меомадам. Имрӯз ҷавонон роҳи якрӯзаро дар ду соат тай мекунанд.

Дарси аввал

Нахустин дарсаш дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Айнӣ барояш фаромӯшношуданист. Аввалин бор рӯ ба рӯ бо шогирдон барояшон дарс гуфтан, ҳаяҷоновар буд, вале бо руҳияи баланду омодагии ҷиддӣ дарси нахустинро гузаронд.

Ман дар як замон ҳам донишҷӯ будам, ҳам омӯзгор. Бар замми ин, боз масъулияти бурзурги модариро бар дӯш доштам. Аз сабаби он, ки дар деҳа кадр набуд, маро ҳангоми таҳсил карданам ба кор қабул карда буданд. Фикр мекунам он лаҳзаҳои беҳтарини ҳаёт буданд, ки бори нахуст бо шогирдон рӯ ба рӯ дарс гузашта будам”,- ба ёд меорад муаллима.

Умре дар тарбияи хонандагон

Сиву як сол аст, ки муаллими мактаб аст. Дар ин муддат чанд насли фарзандон мактабхону хатмкунанда шуд. Аз ҷумла, фарзандони худи омӯзгор низ, вале онҳо ҳаргиз имтиёзе надоштанд. Баробари дигарон ба онҳо талабот, вазифагузорӣ мешуд ва пурсиш ҳам ҷиддитар буд. Ҳамаи фарзандон дар симояш ҳамон муаллими сахтгиреро медиданд, ки ҳадафи асосиаш хонандаро ба роҳи рост ҳидоят намудан, омӯзондан ва соҳибмаълумот кардан буд. Имрӯз дар ҳамаи соҳаҳо шогирдонаш кор мекунанд, соҳибэҳтироманд ва ин ҳамаро мадюни заҳматҳои устод Авезова медонанд.

Ҳамеша омӯзгор

Авезова Назирабонуро имрӯз ҳам зангӯлаи мактаб ба синфхона мехонад, фарзандону набераҳояш сарбаланду хушнуд аз онанд, ки модаркалони онҳо бузургтарин роҳнамо ба олами дониш аст.

Худро аз ин касб дур дида наметавонам,– мегӯяд устод Назира мехоҳам ба кӯдакон сабақ диҳам, зеро онҳоро ниҳоят дӯст медорам. Ҳар шогирд баробари фарзанд бароям азизу дилписанд аст. Агар фарзандон давоми умри инсонанд, шогирдон меваҳои босамари ин боғи ҳаётанд. Бигзор самарашон фаровон бошад!”

Сумани Убайдулло

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *