«Амонатбонк» ғолиби мусобиқаи шаҳрӣ оид ба футбол шуд

Аз 30-юми январ то 15-уми марти соли ҷорӣ мусобиқаи шаҳрӣ оид ба футболи хурд байни дастаҳои ғайрикасбӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.

Дар он дастаи футболбозони “Амонатбонк” фаъолона ширкат варзиданд, сазовори ҷойи намоён шуд.

Дар мусобиқаи мазкур 12 даста байни ҳам рақобат намуданд. Рақобат ба таври системаи даврӣ сурат гирифта, 4 дастаи беҳтарин ба бозиҳои ниманиҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Ҳамин тавр, дастаи футболбозони “Амонатбонк” дар даври финалӣ бо дастаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 9-1 ғолиб дониста шуда, сазовори ҷойи 1-ум гардиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *