Ҳаво имрӯз абриву тағйирёбанда аст.

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 3 август дар бештари минтақаҳои кишвар ҳаво тағйирёбанда боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад.
Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ҷойҳо боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Дар ғарби ҳамин вилоят ҳаво шабона 14-19 ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят гармии ҳаво шабона ба 7-12 ва рӯзона ба 18-23 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, чангу ғубор ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20-25 ва рӯзона 36-41 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳаво камабри бебориш шуда, дар водиҳо шабона 20-25 ва рӯзона 34-39 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Гармии ҳаво дар водиҳо шабона ба 19-24 ва рӯзона ба 35-40 дараҷа мерасад.
Дар Душанбе ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат шабона 19-21 ва рӯзона 37-39 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *