Меҳрубон Сангинов аз ИМА бо камарбанди WBB баргашт.

Муштзани маъруфи тоҷик Меҳрубон Сангинов баъд аз дарёфти унвони  чемпиони ҷаҳон аз ИМА бо камарбанди WBB ба Ватан баргашт. Ӯ, ки чанде пеш ба дарёфти унвони қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи равияи WBB (“World Boxing Board”)  дар бокси касбӣ мушарраф гардида буд, ба Ватан баргашт.

Истиқболи Меҳрубон Сангинов дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар фазои тантанавӣ сурат гирифт.

Тавре қаблан иттилоъ дода буданд,  Меҳрубон Сангинов дар мусобиқаи бокси касбӣ пас аз пирӯзӣ бар Стефен Дерстайни амрикоӣ  ба унвони чемпиони ҷаҳон   оид ба бокси касбӣ дар вазни 76,2 кило аз рӯи равияи WBB  шарафёб гардид.

Ин қувваозмоӣ  22-юми июл дар шаҳри Шарлоттаи иёлати Каролинаи ИМА баргузор шуда буд.   Меҳрубон Сангинов дар раунди аввал бо нокаути фаннӣ рақибашро шикаст дод.

То ин мусобиқа варзишгари  амрикоӣ Мигел Котто соҳиби унвони  чемпиони ҷаҳон аз рӯи равияи WBB буд. Тавре Меҳрубон Сангинов  гуфтааст, дар ин ғалабаи ӯ  саҳми мураббиаш мутахассиси қазоқ Сагатбек Мӯсохонов ва   аввалин устодаш Парвиз Аҳмадов калон  аст.

Қобили зикр аст, ки ғалабаи Меҳрубон Сангинов аввалин чунин дастоварди бузург дар таърихи риштаи бокс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Тавре  Меҳрубон Сангинов иброз намуд, ӯ аз ин ба баъд низ талош хоҳад варзид, то ба натиҷаҳои аз ин ҳам баландтар дастёб гардад.

МАЪЛУМОТНОМАИ :

Меҳрубон Сангинов 3 феврали соли 1996 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Аз соли 2011 дар Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ»  таҳти роҳбарии Мураббии шоистаи Тоҷикистон оид ба бокс, Устоди варзиши СССР Парвиз Аҳмедов фаъолият менамояд.

Аз соли 2014 узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Меҳрубон Сангинов аз сини 12-солагӣ дар мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ таҳти парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад.

Феълан М. Сангинов  дар яке аз донишгоҳҳои Қазоқистон дар риштаи ҳуқуқ таҳсил менамояд ва муваққатан дар он ҷо зиндагӣ дошта, бо Федерацияи бокси касбии Қазоқистон ҳамкорӣ ва зери роҳбарии  Мураббии шоистаи Қазоқистон Сагатбек Мӯсахонов машқу тамрин менамояд.

Падараш Маҳмуд Сангинов  намояндаи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Алмаато мебошад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *