Ҳаво имрӯз боронист

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар бештари ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Инчунин, то 29 июл дар дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон баландшавии сатҳи об пешбинӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад эҳтимоли омадани сел дар назар аст.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона +17+22 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, борони кутоҳмуддат меборад. Шабона +12+ 17 ва рӯзона +27 +32 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҷойҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +39 + 39 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво боронӣ шуда, раъду барқ дар назар аст. Шабона 17+22 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, шабона +18+20 ва рӯзона +35+37 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *