Барканории роҳбарияти пулиси Серпухово пас аз куштори Ҳувайдо

Баъди санҷиши хидматӣ дар Серпуховои Москва чаҳор корманди пулисро аз мақом барканор карданд, ки хабари сокинони маҳаллӣ дар бораи марди шубҳаоварро дар майдончаи бозии кӯдакон нодида гирифта буданд. Дар ин бора мақомоти пулиси вилояти Москва хабар медиҳанд.

Баъди санҷиш муовини роҳбар, роҳбари шуъбаи муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, нозири минтақавӣ ва муовини вай аз мақом барканор шуданд.

Ҳувайдо Тиллозодаи 5-соларо рӯзи 22 июл аз назди бинои истиқоматиашон дар Серпуховои наздики Москва рабуданд. Рӯзи баъд ҷасади ӯро дар дохили борҷомаи варзишӣ пайдо карданд.

Ташхиси судиву тиббӣ муайян кард, ки Ҳувайдо таҷовуз ва бо зарби корд куштаа шудааст. Як сокини маҳаллӣ бо гумони содир кардани ин ҷиноят боздошт шуд.

Тафтишот муқаррар кард, ки соли 2017 сокинони маҳаллӣ ба пулис муроҷиат кардаанд, ки марди гумонбар нисбати Ҳувайдо «рафторҳои ғайриқонунӣ анҷом додааст». Нозири минтақаӣ вазифадор буд, ки санҷиш анҷом диҳад, аммо нахост оморҳои минтақаашро бад шаванд ва аз таъсис додани парвандаи ҷиноятӣ даст кашид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *