Ҳаво имрӯз офтобист
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, шабона дар водиҳо боридани борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф ва дар баъзе ноҳияҳо фаромадани туман дар назар аст.
Имрӯз, 16 март дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-4 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шабона бориши борону барф ва рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шудааст. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 2-7 ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 14-19 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона боридани борон ва рӯзона фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-8 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ шуда, рӯзона туман мефарояд. Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, шабона 2-4 ва рӯзона 16-18 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ