Сайри бозори асъор

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 16 март  қурби расмии асъори хориҷиро  бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ  чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.8269 сомонӣ, 1 евро = 10.9039 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1545 сомонӣ.

Имрӯз, 16 март қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои  қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 8.8300 сомониро ташкил медиҳад.

Инчунин дар ташкилоти мазкур 1 евро  аз 10.8900 то 11.0100 сомонӣ ва 1 рубли русӣ  аз  0.1545 то 0.1550 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо  анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта,   боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад».

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *