Ҳаво тағйирёбандаи бе бориш мешавад
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ карда мешавад.
Имрӯз, 7 феврал дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 дараҷа сард ва рӯзона 3-2 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон абрноки тағйирёбанда мешавад. Дар ғарби вилоят шабона 9-14 дараҷа сард ва рӯзона 4-1 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 19-24 ва рӯзона 8-13 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 3-2 дараҷа ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, дар баъзе ҷойҳо барфи кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа сард ва рӯзона 9-11 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, ин гуна вазъи обу ҳаво то охири ҳафта идома хоҳад ёфт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ