Ҳаво тағйирёбандаву бебориш мешавад
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ карда мешавад.
Имрӯз, 6 феврал дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон абрноки тағйирёбанда мешавад. Дар ғарби вилоят шабона 11-16 дараҷа сард ва рӯзона 3-2 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 23-28 ва рӯзона 9-14 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, шамол аз самти шарқ 0-5 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 3-2 дараҷа ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво шабона 3-5 дараҷа сард ва рӯзона 13-15 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ