Ҳаво тағйирёбандаву бебориш мешавад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ карда мешавад.

Имрӯз, 6 феврал дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон абрноки тағйирёбанда мешавад. Дар ғарби вилоят шабона 11-16 дараҷа сард ва рӯзона 3-2 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 23-28 ва рӯзона 9-14 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, шамол аз самти шарқ 0-5 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 3-2 дараҷа ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда,  дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво шабона 3-5 дараҷа сард ва рӯзона 13-15 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *