Ҷавон дӯстдоштаашро дар рӯзи тӯй ба қатл расонид

Дар Ӯзбекистон як сокини ноҳияи Паркент духтари дӯстдоштаашро ба қатл расонда, ҷавонеро, ки бояд бо ӯ издивоҷ мекард, сахт захмӣ кард. Ҳоло зидди ӯ, ки дар натиҷаи рашк даст ба ин кор задааст, бо банди «Куштори барқасдона» парванда боз кардаанд.

Ҳодиса 25 август дар Паркент рух додааст. Мақомот ба далели халал ворид нашудан ба раванди тафтишот номи қурбониён ва гумонбарро ошкор намекунанд.

Ба гуфтаи шоҳидон, духтар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, домодшаванда дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол ёфтааст. Гумонбарро боздошт карданд.

«Қарор буд, духтар ҳафтаи оянда шавҳар кунад. Вале ҳамсинфи мо ӯро ҳамроҳи домодшавандааш таъқиб карда, бо корд ба онҳо ҳамла мекунад. Духтар дар маҳалли ҳодиса ҷон дод», — гуфт як ҳамсинфи гумонбар.

Дар Раёсати умури дохилии Паркент бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки зидди ҷавон бо банди «Куштори барқасдона» парванда боз шуда, ҳодисаро додситонии ноҳия месанҷад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *