Суғд бозичаҳои бачагона истеҳсол хоҳад кард

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» сохтмони коргоҳи нави истеҳсолӣ–ҶСК «Корхонаи механиконидашудаи сайёр», ки ба истеҳсоли бозичаҳои кӯдакона ва дучархаҳо нигаронида шудааст, бомаром идома дорад.

То имрӯз аксари корҳои сохтмонӣ дар корхона ба итмом расонида шуда, рангу бори биноҳо, ободонии муҳити атроф ва васлу насби таҷҳизоти нав босуръат ҷараён доранд. Тамоми дастгоҳҳои корхона, ки он аз панҷ коргоҳ иборат аст, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шуда, алъон якчанд хатҳои истеҳсолӣ насб карда шудааст.

Тибқи маълумоти масъулини корхона, баъд аз мавриди баҳрбарадорӣ қарор гирифтани он дар марҳилаи аввали фаъолият истеҳсоли 10-15 намуд маҳсулот ба нақша гирифта шуда, минбаъд шумораи он то ба 50 намуд расонида мешавад. Ҳамзамон шумораи коргарон низ марҳила ба марҳила то ба 50 нафар хоҳад расид.

Мавриди зикр аст, ки маҳсулоти дар корхона истеҳсолшаванда воридотивазкунанда буда, он дар миқёси кишвар аввалин корхонае маҳсуб меёбад, ки дар он дучарха ва бозичаҳои гуногун барои кӯдакон истеҳсол мегардад.

Дар назар аст, ки дар сурати пурра ба кор даромадани коргоҳ маҳсулоти тайёр ба мамлакатҳои ҳамсоякишвар низ  содир карда шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *