Ҷавони 23 –сола муовини вазири маориф

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҷавони 23-соларо муовини вазири маориф таъин кард.
Бино ба иттилои расонаҳои ӯзбекӣ, инҷавон Алишер Саъдуллоев ном дошта,  аз ҷониби вазири маориф Улуғбек Иноятов дар рафти ҷаласае пешбарӣ гардидааст.
Гуфта мешавад, ки Шавкат Мирзиёев ҳангоми суханронии Алишер дар ҷаласаи созмони «Камолот» ва пешниҳоди рушди омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар Ӯзбекистон, ба инҷавони 23-сола таваҷҷӯҳ кардааст. Ҳамин тавр, Президенти Ӯзбекистон ба АлишерСаъдуллоев имконият додааст, то худро дар соҳаи муҳим муаррифӣ кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *