Зарғуна Убайдӣ – Голландия – Афғонистон

Сулҳи сафед

Андешаи офтобӣ,

Як дил осмон шав.

Умеди мавҷи саркаш,

Дарёи бекарон шав.

Як шаҳр,

Қисса гӯяд аз фасли расиданҳо.

Саҷда зи рукӯъ ҷӯяд,

Поёни мусибатҳо.

Дастам бигир дар даст,

Оғоз шав бо ман.

Сулҳи сафед дар бар,

Парвоз шав бо ман.

***

 Видоъ  

Нафаси гарми ӯ,

Ва садои қалбаш,

Инъикос буданаш дар кӯҳҳо,

Боли парвоз гирифт.

Дасти гарми худо,

Дасти пурборашро,

Аз сари ангуштони ларзонамон,

Ба дасти хеш гирифт.

Осмон тира шуд,

Қалби сад пораамон.

Бар сари синаи пӯшидааш,

Аз ояти сабз,

Бистар лола шуд,

Ҳарфҳо гуфта шуд,

Ашкҳо рехта шуд.

Рӯзҳо мегузаранд,

Шабҳо модарамон даст ба дуо,

Бар сари ҷойнамоз,

Мазори хотири пурмеҳрашро,

Ба нигоҳ мехонад.

Рӯзҳо мегузаранд,

Ғамамон шакли дигар мегирад.

Ва аммо, дар сипоси доштанаш,

Дафтари хотирамон то ба абад,

Банд дар силсилаи пайвандҳост.

Ва умеди дидор,

Сабр дар васвасаи фарёдҳост.

***

 Боли уқоб

Роҳ танг аст,

Ва кӯҳ,

Бас баланду дилсанг.

Модарам ба дуоят,

Падарам ба паноҳат.

Хоҳарам ба навоят,

Духтарам ба ҳамроят.

Бародарам ба садоят,

Ва дӯстам ба вафоят.

Зарурат дорам,

То,

Бо боли уқобе,

Хатти парвози зани афғонро,

Дар чашми ҷаҳониён,

Қурси офтобӣ бисозам.

زرغونه عبیدی – هلند – افغانستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *