Ҷавонони ғоратгар 

Ба мақомоти милитсия марди 30-солаи сокини ноҳияи Восеъ муроҷиат намуд.

Ӯ шикоят кард ,ки шаби 20 ба 21-уми ноябри соли равон тахминан соати 23:00 дақиқа, шахсони номаълум дар ҳудуди деҳаи Пахтаободи ноҳияи Шаҳритуз автомашинаи шахсиаш тамғаи “Хундай-Старекс”-ро боздошта, ӯро лату кӯб намудаанд.Сипас,  бо  истифодаи зӯроварӣ ҳуҷҷатҳои ронандагӣ, 213 сомонӣ маблағи пулӣ ва рақамҳои автомашинаашро гирифта, ёрдамчии ӯ, марди 35-солаи сокини ноҳияи Восеъро аз автомашина фароварда, 770 сомонӣ ва 2 адад телефони мобилии тамғаи “Алкател”-ро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ ду нафар ҷавонони 25 ва 28 -солаи сокинони ноҳияи Шаҳритуз дастгир гардиданд.

Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *