Дар Дубай хонахарии  тоҷикон афзоиш ёфтааст

 

Шаҳрвандони Тоҷикистон солҳои охир дар пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб —  шаҳри Дубай ба хариди амвол таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд.

Тибқи иттилои Департаменти замини Дубай танҳо давоми се соли охир ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Арманистон, Молдова, Украина ва Туркманистон дар Дубай ба маблағи 4 миллиард доллари амрикоӣ хона харидаанд.

Мақомоти Дубай мегӯянд, бо назардошти афзоиши таваҷҷуҳи сармоядорони русзабон тасмим гирифтаанд, ки минбаъд шартномаи хариди хона бо забони русӣ низ пешниҳод шавад ва барои ин аллакай ҳукуматдорони Дубай бо ширкати машваратии “Русбиз” шартнома бастаанд.

 

Э. НАЗАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *