Австралия таҳримҳои зидди Русияро боз тамдид кард

Австралия бори дигар таҳримҳои зидди Русияро тамдид кард, ки ба рӯйхат беш аз 50 нафар русҳо шомил шудаанд. Дар ин бора имрӯз, 29-уми июн “ТАСС бо такя ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод.

Ба рӯйхати таҳримҳо аз ҷумла Валентина Матвиенко — раиси Шӯрои Федератсия, раиси Кумитаи қонунгузории конститутсионӣ ва сохтмони давлатӣ Андрей Клишас, узви ин кумита Елена Мизулина, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури байналмилалӣ Леонид Слутский, раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин, раҳбари Қрим Сергей Аксенов ва раиси Шӯрои давлатии Қрим Владимир Константинов ворид гардидаанд.

Инчунин, маҳдудиятҳои зидди шаҳрвандон ва соҳибкорони Русия аз соли 2017 низ тамдид карда шудаанд.

Бояд гуфт, авалҳои моҳи июн ҳукумати Австралия қонуни вижаеро тасвиб кард, ки ба лағви шартномаи иҷораи қитъаи сохтмони сафорати нави Русия дар наздикии бинои парлумони Австралия иҷозат медиҳад. Сарвазир Энтони Албанезе дар ин маврид зуд амал карданро ваъда дод.

Дар миёнаҳои моҳи май Австралия 21 созмон ва се шаҳрванди Русияро ба рӯйхати навшудаи таҳримҳо илова кард. Дар посух Вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи 21-уми июн аз густариши таҳримҳо алайҳи Австралия хабар дода, 48 нафарро ба “рӯйхати сиёҳ” шомил кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *