Гумонбари куштори шаҳрванди Тоҷикистонро дар ИМА боздошт карданд

Пулиси Стоктон (шаҳри Калифорнияи ИМА) як гумонбар дар куштори шаҳрванди Тоҷикистон Илҳом Чодиевро, ки рӯзи 15-уми июн бо зарби гулӯла кушта шуд, боздошт кардааст.

Тавре полиси Стоктон дар “Твиттер” хабар дод, муфаттишон Эндрю Кристофер Ватсони 29-соларо (сокини Мантек) боздошт кардаанд.

«Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад»,- омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки ӯ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ронандаи мошини боркаши «Амазон» — зодаи Тоҷикистон Илҳом Чодиев бар асари тирпарронӣ дар шоҳроҳи Латропи Калифорния (ИМА) ба ҳалокат расида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *