Нозанину Абӯбакр аз Лондон ба Хуҷанд бо медал баргаштанд

Ду нафар хонандаи макотиби шаҳри Хуҷанд — Нозанин Комилова — муҳассили Муассисаи таълимии давлатии Русияю Тоҷикистон «Мактаби миёна бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида дар шаҳри Хуҷанд ба номи А. П. Чехов» ва Абӯбакр Орипов — хонандаи мактаби хусусии “Камоли Хуҷандӣ” дар Олимпиадаи байналмилалии “TEENEAGLE 2023” иштироки фаъолона намуда, Нозанин мақоми дуюм ва Абӯбакр ҷойи сеюмро дар ин олимпиадаи бонуфузи байналхалқӣ ба даст оварданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, аз 18-ум то 25-юми июни соли ҷорӣ дар донишгоҳи Брунели шаҳри Лондони Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир, даври ниҳоии Олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle 2023» аз фанни забони англисӣ баргузор гардид.

Олимпиадаи мазкур аз 3 категорияи синнусолӣ иборат буда, байни хонандагони синфҳои 3-11 сурат гирифт. Дар даври ниҳоии Олимпиада ғолибони даврҳои фосилавии озмун аз 55 кишварҳои олам, зиёда аз 750 нафар хонандагон иштирок намуданд.

Тими мунтахаби Ҷумуҳурии Тоҷикистонро 59 нафар хонандагони синфҳои 3-11, аз муассисаҳои гуногуни мамлакат муаррифӣ намуданд.

13 нафар хонандагон — 5 нафар аз МДТ «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат», 5 нафар аз Мактаби Камоли Хуҷандӣ, 1 нафар аз Муассисаи таълимии давлатии Русияю Тоҷикистон «Мактаби миёна бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида дар шаҳри Хуҷанд ба номи А. П. Чехов» ва 2 нафар аз МХБ ноҳияи Б. Ғафуров иштирок намуда, сазовори 2 ҷойи дуюм ва 4 ҷойи сеюм гардиданд.

— Маросими ҷоизасупории Олимпиадаи мазкур дар донишгоҳи Кембриҷ баргузор гардид,-меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *