Аввалин маркази ипотекӣ, аммо на дар Тоҷикистон…

Аввалин маркази ипотека дар Яшнободи шаҳри Тошканд кушода шуд. Бино ба навиштаи расонаҳои Ӯзбекистон, дар марказ тамоми пешниҳодҳо дар бозори ипотека мавҷуд мебошад.

Инчунин, дар ин марказ барои тартиб додани шартномаҳои хариду фурӯш, қарзҳои гарав ва ипотека, бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба манзил кумак расонида мешавад. Ҳама гуна хизматрасониҳо дар як ҷо пешниҳод карда мешаванд.

«Барои беҳбуди зиндагии мардуми мо қарорҳои зиёде қабул мешаванд, шароит фароҳам оварда мешавад. Аммо бисёриҳо дар ин бора пурра огоҳ нестанд. Ва онҳое, ки огоҳанд, намедонанд куҷо раванд. Ин марказ хидматрасонии ҳамаҷониба пешкаш карда, ташвиши онҳоеро, ки мехоҳанд манзил бихаранд, осон хоҳад кард»,- иброз доштааст Шавкат Мирзиёев.

Шавкат Мирзиёев таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки ҳазорон нафар аз манзили шахсии дорои қитъаи замин наметавонанд аз ипотека истифода баранд, ба масъулин дастуру супоришҳои дахлдор дод ва чунин гаравро “мардумӣ” номид.

Мирзиёев рӯзи 6-уми июл аз зарурати коҳиш додани бюрократизм ва таъсиси марказҳои ипотека, ки ба аҳолӣ ҳамаҷониба хизмат мерасонад, эълон карда буд. Аммо дар шаш моҳи аввал шаҳрвандон танҳо 30 фоизи ин маблағро истифода кардаанд. Дар моҳи апрели соли ҷорӣ Мирзиёев қарореро имзо кард, ки тибқи он ҳаҷми захираҳои аз ҷониби Вазорати молия ба бонкҳо ҷудошаванда то охири соли 2022 дар ҳамон сатҳ боқӣ мемонад. Барои қарзи ипотека 13%, барои қарзи таълимӣ 10% боқӣ мемонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *