Ифтитоҳи калонтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ

Имрӯз, 12 август калонтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Нур-Султон кушода шуд.
Дар ифтитоҳи масҷиди нав президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ширкат дошт, хабар медиҳад Centralasia.media бо истинод ба котиби матбуотии Назарбоев Айдос Укибай дар Твиттер.

Масҷид дар хиёбони Мангилик Эл ва маркази савдои Mega Silk Way ҷойгир шудааст. Ҳудуди масҷид қариб 10 гектарро ташкил мекунад. Баландии гунбази асосӣ қариб 90 метр ва манораҳо ба баландии 130 метр мебароянд. Иқтидори ғунҷоиши намозгузорон дар масҷид то 235 ҳазор нафар аст.
Гуфта мешавад, ки Нурсултон Назарбоев субҳи имрӯз – 3 сол пас аз гузоштани расмии санг ба ифтихори оғози сохтмони иншоот ба ифтитоҳи масҷид омад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Масҷиди нави марказии Душанбе бузургтарин масҷиди минтақа номида шуда буд, ки ифтитоҳи он аз соли 2019 ба таъхир афтодааст. Сохтмони Масҷиди марказии шаҳри Душанбе соли 2019 ба анҷом расида, қарор буд моҳи ноябри ҳамон сол ба истифода дода шавад. Аммо баъдтар, ифтитоҳ ба моҳи марти соли 2020 ва баъдан — бинобар пандемия ба мӯҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *