Аввалин намоҳанги Мубориз Усмонов дар Аврупо

Овозхони хушсадо ва машҳури тоҷик Мубориз Усмонов таронаи навбатиашро бо номи “Салом, ҷонам!” дар саҳифаи расмии худ нашр кард.

Мубориз Усмонов дар Инстаграмаш пораи “Салом, ҷонам!”-ро пахш карда, чунин навиштааст:

— Мо намоҳанги суруди “Салом, ҷонам!”-ро дар шаҳрҳои зебои Олмон наворбардорӣ кардем. Мусиқии ин таронаро худам эҷод кардам ва боварӣ дорам, ки писандатон меояд.

“Салом, ҷонам!” аввалин намоҳанги Мубориз Усмонов мебошад, ки дар Аврупо, аниқтараш дар Олмон сабту таҳия шудааст.

Намоҳанг бо суруд мувофиқ буда, махсусан барои садҳо маротиба гӯш кардану дидан омода шудааст.

Мубориз Усмонов аз ҷумлаи овозхонҳоест, ки дар ҳар сурудаш шунаванда порае аз ҳаёти худро меёбад ва ба лаҳзаҳои муайяни зиндагиаш онҳоро тавъам мебинад.

“Салом, ҷонам!” чунин мисраъҳо дорад:

Салом, ҷонам!

То ҳоло ман ҳамонам,

Бе адресу маконам.

Ба шаҳри ту равонам,

Боз омадам бигӯям.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *