Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Асланшо РАҲМАТУЛЛОЕВ, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон

— “Оина”-ро мо ҳунармандони зинда офаридем. Онҳое, ки театр ба онҳо такя мекард. Ин театр ҳеҷ вақт биное бо номи театри “Оина” надошт. Ҳоло ҳам надорем. Ҳар гӯшаро киро мекунем ва ҳамонҷо тамринҳоро мегузаронем.

— Офаринатон! Ҳунарманди асил бояд ана ҳамин хел бошад. Ҳунарманде, ки ҳирфаӣ асту пуртоқат ва касбашро дӯст медорад, дар болои санг ҳам ҳунарашро нишон медиҳад.

Шаҳноза ҲАКИМОВА, мутахассиси Social Media Marketing

— Бозорёбҳо оҳуи ҷодугар ҳастанд, ки ба ширкат меоянд ва бо сум задани худ пул пайдо мекунанд. Барои он ки бозорёби бартар шавам, бояд таҷрибаву дониши бештар дошта бошам ва бояд мисли корофарин фикр кунам.

— Агар ҷоду таъсир накунад чӣ? Масалан агар оҳу ба ширкате ояд, ки дар муҳиташ корофаринӣ кардану пул ёфтан душвор бошад, сумҳояш захмиву дардманд намешаванд?  

Далерҷон АББОСЗОДА, сартабиби Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан

— Табиб бояд пеш аз ҳама равоншиноси хуб бошад, то тавонад беморонро бо сухан руҳбаланд намояд. Бояд бо беморон чунон муомила кунем, ки аз ҷиҳати равонӣ руҳбаланд шаванду навмедию ранҷро то андозае аз дилашон дур намоянд.

— Беҳтарин ақида ва барои навтабибон омӯзанда! Аммо, агар боз саховатмандӣ нишон додаву ройгон табобат кунед, даҳчанд руҳбаланд шудаву то андозае не, пурра аз навмедӣ мебароянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *