Аввалин озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳуқуқдон»дар ДБССТ
Аввалин озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳуқуқдон» бахшида ба соли 2024 — «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардид. Ин озмун 30-юми март бо ташаббуси ректори донишгоҳ Убайдулло Асрорзода байни донишҷӯёни макотиби олии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар ифтитоҳии расмии озмун роҳбарияти донишгоҳи мазкур, намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷӯён ва масъулини дахлдор иштирок намуданд.
Убайдулло Асрорзода дар ифтитоҳи озмун қайд кардааст, ки ба хотири истиқболи сазовори «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва таҷлили 30 — солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати донишгоҳ баргузории чаҳор чорабинии илмии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалиро ба нақша гирифтааст.
Гуфта мешавад, ки барои таъмини шаффофият дар ҷамъбасти озмун раванди баргузории он тариқи камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда шудааст.
Ғолибон ва иштирокчиёни озмун аз ҷонибаи раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва аъзои комиссияи озмун бо диплому ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ