Маросими даъвати наваскарон дар пойтахт

  Имрӯз, 1-уми апрел маросими ботантанаии гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ оғоз шуд.

    Ба ин муносибат аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии “Амфитеатри Аҳорун” чорабинии тантанавӣ ва маъракаи гусели наваскарон аз шаҳри Душанбе ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат баргузор гардид.

 Дар ин маросим ҳамчунин,  ба даъватшудагон, ки аз чор ноҳияи шаҳр дар ин рӯз сафарбар гардиданд, ҳуҷҷати хатми ронандагӣ тақдим гардида, машқҳои ҳарбӣ ва варзишӣ намоиш ва  чун анъана маросими «Нонгазон» сурат намоиш дода шуд.

  Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ барномаи консертӣ ва намоиши театрӣ пешниҳоди иштирокчиён гардонида мешавад. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *