Аввалин режиссёрзани тоҷик

Маргарита Қосимова дар орзуи Душанбе ва гурбаи тоҷикӣ

 Моҳи апрели соли равон, режиссёри шинохта,  аввалин бонуи тоҷик, ки даст ба кори коргардонӣ зада, дар ин соҳа тавфиқ ёфтааст, Маргарита (Марворид) Қосимова 80 — сола шуд. Аммо мавлуди ин режиссёр ва Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон дур аз Ватан, таҷлил гардид, гарчанде зиёда аз ду даҳа аст, ки Минск ба Ватани аслии ӯ мубаддал шудааст…

 «Очень средняя Азия»

Қосимова Марворид Наимовна 10 апрели соли 1938 дар Сталинобод аз модари рус ва падари тоҷик таваллуд шудааст. «Хотираи аз ҳама ширини даврони кӯдакии ман ҳавлии сермиллат ва серодамамон аст. Бо вуҷуди он ки ин ҳама сол сипарӣ шуд, аммо ман онро чун оина дар ёд дорам. Ҳамсояҳоямонро ном ба ном медонам ва бо баъзеи онҳо то имрӯз робита мекунам»,- мегӯяд режиссёр сафҳаҳои хотироти худро варақ гардонида.

 Кӯдакии ӯ ба замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ рост омад. Дар ин давра теъдоди зиёди аҳли зиё, ҳунармандон ва аҳолии касбу кори гуногун аз марказҳои фарҳангии Иттифоқи Шӯравӣ, ки дар коми ҷанг буданд, ба Сталинободи амн интиқол ёфтанд. Маҳз дар ҳамин давра Киностудияи «Союздетфилм»-и Маскав ба Сталинобод кӯчид ва ба кори худ идома медод.

«Теъдоди зиёди онҳое, ки бар асари ҷанг ба Душанбе кӯчиданд, аҳли фарҳангу ҳунари Маскав ва Ленинград буда, ағлабашон композитор, навозанда ва режиссёру актёр буданд”, – ба ёд меорад Марворид Наимовна. — Ҳеҷ аз ёдам намеравад, актрисаи машҳуре, ки танҳо синабанд ба бар дошт, аз балкон ба мо кӯдакони гуруснаву нимбараҳна ва лоғари замони ҷанг, ки сарлучу пойлуч рӯйи ҳавлӣ бозӣ мекардем, нигариста, сигор мекашид ва мегуфт:  «Да–а–а, все–таки это очень средняя Азия».

Маҳз аз ҳамин Осиёи Миёнаи миёна зиндагии ӯ оғоз гардид, зиндагие, ки пурра ба кино бахшида шуд…

Маргарита Қосимова ҳангоми донишҷӯйӣ бо ҳамкурсон ва устодаш Александр Довженко

 Парвози баланд аз қуллаҳои баланд

Вақте ки соли 1955 Марворид ба  Институти давлатии кинематографияи СССР дохил мешуд, ходими намоёни кино ва педагоги барҷаста Александр Довженко барои худ гурӯҳ интихоб мекард. Ӯ баробари дидани Марворид мафтуни ҳусну малоҳаташ шуда гуфт: — «Агар аз ин зеборух режиссёр ҳам набарояд, нотиқи телевизион аниқ мебарояд» — ва ӯро шомили гурӯҳаш намуд. Марворид дар ин гурӯҳ бо ситораҳои дурахашони ояндаи кинои советӣ Отар Иоселиани, Лариса Шепитко, Виктор Туров, Георгий Шенгелая, Гунар Пиесис таҳсил мекард.

Даврони донишҷӯйии ӯ ба монанди кӯдакиаш душвор буд,. Як лаҳзаи зебои айёми шубобашро ба ёд меорад:

«Ҳангоми таҳсил дар як ҳуҷраи хобгоҳ бо Лариса  Шепитко, Люся Гурченко ва Лида Федосеева, ки баъдан чун Шукшина шуҳрат ёфт, зиндагӣ мекардем.  Боре маро як ҷавони франсуз, ки дар филми «Нормандия–Неман» нақш мебозид, ба мулоқот даъват кард. Барои ин ҳамаи 5 ошёна маро либос пӯшониданд. Яке ҷӯробашро дод, дигаре курта, савумӣ палто, чаҳорумӣ ҷувздон ва ман худамро малика тасаввур карда, ба мулоқот рафтам. Зиндагии  мо душвор буд, аммо моро ормонҳои наҷиб муттаҳид мекард»…

Маргарита Қосимова дар ҷашни 80 — солагӣ: Мехоҳам Душанберо бинам…

 «Тобистони соли 1943»

Гарчанде Довженко дар симои Марворид нотиқи телевизионро медид, аммо ӯ ба кино дил баст ва аввалин зани режиссёр на танҳо аз Тоҷикистон, балки аз Осиёи Марказӣ шуд.

Ӯ фаъолияти режиссёрии худро аз филми ҳуҷҷатӣ оғоз кард. Ҳанӯз дар замони донишҷӯйӣ зимни таътилҳои худ, филми ҳуҷҷатии «Қалби яхини Помир»-ро ба навор гирифт, ки соли 1959 ба сифати кори дипломии ӯ ба экран баромад.

«Баъди хатми ВГИК ман ба Душанбе баргаштам, гарчанде пешниҳодҳо дар мавриди дар Маскав монданам зиёд буданд. Аммо модарам дар Душанбе танҳо буду ӯро танҳо гузошта наметавонистам»,- мегӯяд, Маргарита Наимовна.

Марворид баробари ба Душанбе омадан дар Киностудияи «Тоҷикфилм» ба кор оғоз кард. Аммо роҳбарони вақти киностудия ба духтараки ҷавон иҷоза намедоданд, ки филмҳои бадеӣ ва пурраметраж ба навор гирад, бовар намекарданд ба ӯ.

«Ибтидо фақат филмҳои хурди ҳуҷҷатӣ ё киножурнал ба навор мегирифтам ё режиссёри дувум будам. Боре роҳбари «Госкино»-и СССР ба «Тоҷикфилм» ташриф овард. Ман ҷасорат пайдо карда, ба наздаш рафта, гуфтам: «Ман режиссёри филмҳои бадеӣ Қосимова, гурӯҳи Довженкоро дар ВГИК хатм кардам. Маро дар Маскав ба кор гиред, дар ин ҷо ба ман имконият намедиҳанд». Ӯ ба ман нигариста, гуфт: «Маргарита, агар дар муддати ду ҳафта ба шумо кор надиҳанд, рақами қабулгоҳи маро нависед ва фақат бигӯед, ки Қосимова аз Душанбе занг мезанад».

Ҳамин тавр, ба ӯ зуд иҷозати сабт доданд ва баъди 10 рӯз Маргарита банаворгирии филми «Тобистони соли 1943»-ро оғоз кард, ки дебюти муваффақи ӯ буд…

Пас аз ин роҳи Маргарита ба кино боз шуд ва ӯ филмҳои «Ҷӯра Саркор» (1969), «Роҳҳо гуногун мешаванд» (1970), «Чор нафар аз Чорсанг» (филми телевизионии 2 сериягӣ,1972), «Дӯзандаҳо»,  «Марди мутааллиқи ду зан» (1991) ва даҳҳои дигарро ба навор гирифт. Ӯ дар солҳои 70 – 80 бо киностудияҳои Қазоқистон ва Туркманистон ҳамкорӣ намуда, дар ин давлатҳо низ филмҳо ба навор гирифтааст. Филмҳои ҳуҷҷатии ӯ «Бародарам Ғулом», «Ибни Сино», «Зебо» низ маҳсули корҳои ӯстанд.

Нақши Лолахон аз филми «Хати парвоз» (1971)

 Нақш дар кино

Бисёриҳо дар симои Маргарита аз ибтидо актрисаи хубро медиданд. Қомати баланд, чеҳраи зебо ва аз ҳама муҳим нигоҳи назаррабои ӯ режиссёрҳоро ба ваҷд меовард. «Пас аз хатми ВГИК маро барои кор ба Театри сатира даъват карданд. Сергей Герасимов, баробари дидани ман гуфт:  «Ӯ дар курси режиссура чӣ мекунад, ӯ бояд актриса бошад».

Пас аз хатм низ ӯро барои сабт зиёд даъват мекарданд, аммо Маргарита ҳамеша рад мекард. Танҳо дар чанд филм нақшҳои лаҳзагӣ офаридааст, ки ҷолиб аст. Аз ҷумла дар «Ҷӯра Саркор» (1969), «Хати парвоз», «Чор нафар аз Чорсанг» (1973), «Ишқи аввали Хоҷа Насриддин» (1977), «Буд набуд дар синфи як буд» (1978), «Ҷинояткорон ва адвокатҳо» (1981), «Имрӯз ва ҳамеша» (1982).

 Рафтану барнагаштан…

Солҳои 90-уми асри ХХ вазъият дар Душанбе муташанниҷ мешуд. Гурӯҳҳои мухталифи иғвогар намояндагони миллатҳои дигарро азият медоданд. Ҳамин тавр, модари 80 — солаи Марворидро низ дар навбати нон латукӯб карданд. Шабона ба хонаашон даромада, аз модараш талаб мекарданд, ки дини исломро пазирад. Ҳамон сол худи Марворидро мошин зад ва ӯ зиёд азият кашид, аммо касе дастгираш набуд.

Рӯзе ӯ ба дӯсти беларусаш Вития Туров занг зада, аз вазъи сангини зиндагиаш гуфт. Туров  аз он тарафи гӯшӣ ба ӯ хитоб кард: «Модаратро гирифта, ба Минск биё, як бурида нонро тақсим мекунем». Ҳамин тавр, соли 1992 Маргарита ба Минск рафт,  аммо ин  рафтани ҳамешагӣ буд.

Дар Беларус ӯ ором нанишаст. Ба Киностудияи Минск ба кор даромад ва филмҳои «Сын за отца» (1995), «Маленький боец» (1998), «Зорка Венера» (2000) ва  «Соблазн» (2006) –ро ба навор гирифт. Ба Академияи санъати ин кишвар ба кор пардохта, даҳҳо режиссёри боқувватро тарбия кард…

 Дар орзуи дидори Душанбе

 Маргарита оиладор шуд, аммо пас аз 7 сол онҳо ҷудо шуданд. Аз ин пайванд ӯ фарзанд наёфта буд. Ҳамин тавр, ӯ дигар оиладор нашуд ва ҳаёти худро ба кор бахшид. Мухбири «Беларус сегодня», ки дар арафаи 80 — солагӣ бо режиссёр суҳбат кардааст, менависад: «Маргарита Наимовна сигори борик ва хушбӯй мекашид. Аз ӯ пурсидам: «Чаро кӯшиши фарзанддор шуданро накардед? Танҳоӣ душвор нест?» Ӯ андешмандона дуди сигорро фурӯ бурда, гуфт: «Ман танҳо нестам. 46 фарзанд дорам: 16 филми пурраметражи бадеӣ ва 30 филми ҳуҷҷатӣ. Фарзандони дигари ман донишҷӯёнам ҳастанд…».

Дар ҷашни ботантанаи 80 — солагии худ дар Академияи санъати Беларус касе аз Маргарита Наимовна дар бораи орзуяш пурсиду ӯ посух дод: «Мехоҳам як маротиба Душанберо бинам, дар кӯчаҳояш қадам занам ва орзуи дигари ман ин аст, ки як гурбаи тоҷикӣ дошта бошам…».

Шояд Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Киностудияи «Тоҷикфилм» ва Иттифоқи синамогарон орзуи режиссёр, барандаи даҳҳо ҷоизаи ватаниву байналхалқӣ Маргарита Қосимоваро иҷро мекунанд ва ӯро ба Душанбе даъват намуда, мавлудашро таҷлил менамоянд?! Ё лоақал дар кинофестивали «Дидор», ки соли равон баргузор мегардад, ӯро ба сифати меҳмон ё ҳакам даъват мекунанд?!

 Одили Нозир,

«Тоҷикистон» №22, 2018

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *