Прокурорҳо аз сабукравҳо ба сабуктарҳо мегузаранд

 

Дар даҳаи охири моҳи Рамазон аз ҷониби Прокуратураи генералӣ як иқдоми аҷибе роҳандозӣ шудааст,ки таваҷҷуҳро ба худ ҷалб мекунад.

Ин ҳам бошад, бо дучарха ба кор омадани кормандони он дар охири ҳафта, яъне рӯзи шанбе аст. Тавре,ки мардуми огоҳ мегӯянд, ҳафтаи гузашта, рӯзи шанбе  аллакай чанд нафар прокурорҳо ба назди даромадгоҳи ин сохтор бо велосипед ҳозир шуданд.Ташаббуси мазкурро ба қавли худаш “ба хотири беҳдошти вазъи экологӣ” бори аавал Раиси Хадамоти алоқа Бек Сабуров чанд сол пеш  ба роҳ андохта буд. Баъди як муддат на худи ӯ ва на кормандонаш ба сари ин масъала дубора барнагаштанд ва ҳама боз “Лексус”-савор шуданд. Ин иқдом ва ин таваҷҷуҳи  прокурорҳо ба велосмипед ва такя ба  қувваи ҷисмонии худ низ то кай идома меёбад, вақт муайян хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *