Аввалин смартфон барои нобиноён дар ҷаҳон
Дар Ҳиндустон аввалин смартфон барои одамони маъюб ё биниши суст дошта ба фурӯш бароварда шуд. Дастгоҳ бо “экрани” худ, ки шабакаи мухобиротии брайлро (истифодаи смартфон тариқи ламс) ташкил медиҳад, фарқ мекунад.
Дар смартфон технологияи Shape Memory Alloy насб карда шудааст, ки ба эффекти хотираи шакл асос ёфтааст (ҳангоми истифодаи смартфон агар он тафсон шуд, пешакӣ огоҳ мекунад то ба шаклии аслии он баргардед ё дар баъзе мавридҳо ба ҳолати нобудшавӣ ва вайрони расад).
Экрани смартфон, агар онро экран номидан мумкин бошад, мутобиқи талабот, шабакаи алоқаҳоро (контактҳо) аз боло ба поён ҷойгир мекунад. Ин шабака алифбои Брайл мебошад ва алоқаҳои мухталиф барои ҳарфҳо ва аломатҳои муайян масъуланд.
Экран як намуди тарҷумонест ва метавонад матни одии дорои ҳарфҳои ба ҳама шиносро ба Брайл ва баръакс тарҷума кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ