Ҷавоби тунди шоири тоҷик ба фолбини рус

Шоири тоҷик Исмоил Зарифӣ дар пас манзари пешгӯии як астрологи рус бо номи Иля Першин, ки дар мавдири ҳуҷуми терроризм ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 хабар медод, бо шеър ҷавоб гуфтааст.

Байти аввали шеъри мазкур ин аст:

Террорро бо худ бубар, эй фолбин, эй фолбин!

Ҳастӣ ту як оқи падар, эй фолбин, эй фолбин!

Исмоил Зарифӣ ба тундӣ ва эҳсосоти зиёд ҷавоб гуфта, маҳсули эҷодашро дар саҳифаи фейсбукияш ва чанде аз гуруҳҳои ин шабакаи иҷтимоӣ ба ихтиёри корбарони фазои маҷозӣ гузоштааст.

Муаллифи шеър Иля Першинро дар шеъраш ҳарзагӯ, маккор ва иғвобарангез унвон дода, мегӯяд, ки бо ҳарфҳои носазову гуфтори нораво гадову дар ба дар, бечораву ҳақир хоҳӣ шуд.

Зимнан, ки чанд рӯз пеш дар фазои маҷозӣ хабари пешгӯии астрологи рус Иля Першин нашр шуда буд. Ба ақидаи Иля Першин дар соли 2020  террористони байналмилалӣ ба Осиёи Марказӣ ҳамла мекунанд, аниқтар  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қаблан Николай Патрушев, котиби Шӯрои амнияти Русия ҳам ҳушдор дода буд, ки ҷангиёни ДОИШ талош доранд, мавқеи худро дар шимоли Афғонистон мустаҳкам кунанд. Мақсади ин гурӯҳи террористӣ ҳамла ба Осиёи Марказӣ аз тариқи Тоҷикистон ва Туркманистон будааст. Танҳо дар якуним соли охир дар Тоҷикистон дастикам 4 ҳамлаи хунин рух дод, ки ба ДОИШ рабт медиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *