Аввалин терминали боркашонӣ дар Душанбе

Барои нахустин бор дар таърихи Тоҷикистон нахустин терминали боркашонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бунёд мешавад. Ҷамила Ҳусейнова, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе тасдиқи ин хабар гуфтааст, ки “маросими гузоштани хишти аввали нахустин терминали боркашонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фардо, ҷумъаи 31 март баргузор мегардад”.

Ба гуфтаи хонуми Ҳусейнова, дар маросими бунёди терминали боркашонӣ Худоёр Худоёров, вазири нақлиёти Тоҷикистон, Ҳаҷиме Китаока, сафири Ҷопон дар Душанбе, масъулони созмони JIKA ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, раҳбарони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбеи ва хабарнигорон ширкат мекунанд. Хонум Хусейнова афзуд, ки терминали боркашонӣ дар чанд марҳила сохта мешавад, ки аз бунёди терминал ва таҷҳизонидани базаи парвози ҳавопаймоҳо иборат аст.

Ҳазинаи ин лоиҳа ҳудуди 18 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва дар сурати мавриди истифода қарор гирифтани он, садҳо тан аз шаҳрвандон соҳиби ҷои кор хоҳанд шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *