Президентро ба зиндон бурданд

Президенти барканоршудаи Кореяи ҷанубӣ рӯзи ҷумъаи 31-уми март ба иттиҳоми «фасоди молӣ» ва «сӯистифода аз мақом», боздошт шудааст. Ба иттилои хабаргузории «Рейтерз», як додгоҳи Кореяи Ҷанубӣ субҳи рӯзи ҷумъа ҳукми боздошти хонум Пан Кин Херо содир кард. Қарор аст вай ба муддати 20 рӯз то вақти анҷоми таҳқиқот дар зиндон бошад.

Як додраси минтақаи маркази Сеул — пойтахти Кореяи Ҷанубӣ дар ҳукми худ гуфтааст, ки ба далели эҳтимоли аз байн бурдани санаду ҳуҷҷатҳо, ҳукми боздошти хонум Пан Кин Хе содир шудааст. Ду соат пас аз судури ин ҳукм, хонум Пан Кин Хе ба зиндони марказии Сеул дар берун аз пойтахт интиқол дода шудааст. Тибқи гузоришҳо, расонаҳои Кореяи ҷанубӣ ба таври мустақим ҷараёни интиқоли раиси ҷумҳури барканоршудаи ин кишвар ба зиндонро пахш кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *