Аввалин тоҷике, ки Консерваторияи Миланро хатм кард

Шоҳрух Юнусов, овозхони ҷавон ва пуристеъдоди тоҷик рӯзи 8-уми марти соли 2024 дар саҳифааш дар «Фейсбук» аз баргузории консерти дипломиаш дар Консерваторияи шаҳри Милани Италия, яке аз муътабартарин мактабҳои олии мусиқӣ ва овозхонии дунё хабар дод.

Шоҳрух Юнусов нахустин нафар аз Тоҷикистон аст, ки ин мактаби муътабарро хатм кард.

Шоҳрух Юнусов дар «Фейсбук» навишт: “Инак, боз як саҳифаи муҳими ҳаёти худро ҷамъбаст кардам. Консерти дипломиамро дар Консерваторияи шаҳри Милани Италия бо сари баланд хотима бахшидам. Боварии комил дорам, ки зиёда аз 5 соли таҳсил дар чунин донишгоҳи овозадор барои расидан ба орзуҳои саҳнаҳои бузурги ҷаҳонӣ ва тамсили ватани азизамон дар саросари дунё нақши калидиро мебозад.

Мехоҳам ба ифтихори Иди Модар ин дастовардро ба модару бибии меҳрубонам туҳфа кунам. Зеро, заҳмату талошҳояшон ва дуоҳояшон дар ин роҳ болову боарзишанд.

Ифтихор мекунам, ки маҳз бо супориши бевоситаи Президенти кишварамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ман имрӯз якумин тоҷике ҳастам, ки яке аз бошукӯҳтарин донишгоҳҳои мусиқии ҷаҳонро баробари Ҷакомо Пуччини, Пиетро Масканйи ва дигарон хатм намудам. Инчунин, ба ҳамаи он нафароне, ки ба ман бовариву дастгирӣ намуданд, хусусан падару модарам, устодону дустонам аз сидқи дил арзи сипос мекунам”.

Шоҳрух Юнусов 23-юми августи соли 1998 дар деҳаи Пӯлодони Конибодом ба дунё омада, аз синни чорсолагӣ овозхонӣ мекунад.

Шоҳрух Юнусов солҳои 2007 ва 2008 ду маротиба дар озмуни “Донак” сазовори шоҳҷоиза шуда, соли 2010 дар озмуни муътабари байналмилалии Сан Ремо дар байни наврасон (“Sanremo unior”) соҳиби дипломи дараҷаи аввал гардид ва дар пайи иштирок дар ин фестивали муътабар ҳамроҳи Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, овозхони маьруфи операи тоҷик Адҳам Холиқов дар шаҳри Милан як консерти калон доир карданд. Шоҳрух Юнусов он вақт ҳамагӣ 11 сол дошт.

Ҳоло Шоҳрух дар саҳнаи Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистон ба номи устод Айнӣ ҳунарнамоӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *