Аввалин зан — кайҳонгарди дунё
Оё медонед, ки аввалин зан — кайҳонгард (сайёҳи кайҳонӣ)-и дунё зани эронист?
Анӯша Ансорӣ 12-уми сентябри соли 1966 дар шаҳри Машҳад ба дунё омада, давраи тифлӣ ва ҷавониашро дар Теҳрон гузаронида, соли 1984 ҳамроҳи хонаводааш ба Амрико кӯчидааст. Донишгоҳҳои Ҷорҷ Мэйсон (бакалавр) ва Ҷорҷ Вашингтонро хатм кардааст.
Парвози ӯ ба кайҳон ба сифати кайҳонгард (сайёҳи кайҳонӣ, гардишгари фазоӣ, космический турист) аз 18 то 29-уми сентябри соли 2006 сурат гирифтааст.
Ӯ аввалин эронӣ ва дувумин форсизабон (баъди Абдулаҳад Моманди паштун) дар кайҳон аст. Ҳамчунин Анӯша Ансорӣ аввалин зани мусалмон мебошад, ки ба кайҳон сафар кардааст.
Р. БАҲРОМЗОД
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ