Катафалк дар Хуҷанд. Чаро дар пойтахт чунин мошинҳоро намебинем?

Аввалан Худо кунад, ки касеро ба ин мошину соҳибонаш кор наафтад. Чун кулли зоянда миранда гуфтаанд, хоҳу нохоҳ корафтода ба ину мошину дигар намудаш хоҳем шуд.

Ин аксро аз хиёбони марказии шаҳри Хуҷанд бардоштам. Маълум, ки тиҷорати касе ҳаст. Ошаш шавад! Сохт ва ё дизайни зебо ва худи мошин ҳам ба қавле сабуку паст аст. Метавонад ба сари манзил ҷанозаи маитро беозор расонад. Чаро дар пойтахти кишвар чунин мошинҳоро намебинем? Мо ҳанӯз ҳам аз мошинҳои боқимонда аз замони шуравӣ — Зилу Газ 53-54, баъзан КАМАЗ истифода мекунем, ки мурдаамон ҳам дар азоб ҳасту зиндаамон низ.

А. РАҲМОНОВ, шаҳри Хуҷанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *