Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти Женева

Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти Кумитаи зидди табъизи нажодии СММ дар Женева гуфтанд, ки ҳеҷ шаҳрванди ин кишвар аз рӯи мансубияти қавмию миллияш табъиз намешавад.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон гуфт, то ҳол дар ин замина ягон парванда боз нашудааст ва қонунгузории кишвар аз ҳуқуқи ақалиятҳои миллӣ ҳимоят мекунад. Ба гуфтаи ӯ, дар қонунгузории Тоҷикистон барои табъизи нажодӣ ва нақзи ҳуқуқи ақалиятҳои қавмию миллӣ ҷазои ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.

Тоҷикистон як кишвари гуногунмиллат буда, ба ҷуз тоҷикон дар он беш аз 20 навъи ақалиятҳои қавмӣ, аз ҷумла ӯзбекҳо, қирғизҳо, русҳо, қазоқҳо, олмониву кореягиҳо ва дигарон зиндагӣ мекунанд.

Дар гузоришҳои алтерантивӣ, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ба Кумитаи зидди табъизи нажодии СММ пешниҳод карданд, гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқи ақалиятҳои қавмӣ, ба мисли лӯлиҳо, яғнобиҳо ва помириҳо нақз мешавад. Аз ҷумла, кӯдакони лӯлӣ аз таҳсил дур мемонанд ва барои ҳифзу рушди забонҳои яғнобиву помирӣ ҳукумат иқдоми ҷиддӣ намеандешад.

Намояндагони Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳукумат барои рушди забонҳои нодир дар кишвар даҳҳо барномаро рӯи даст гирифта, ҳамзамон барои дастрасии лӯлиҳо ба таҳсил низ кумак мекунад.

Намояндагони СММ дар нишаст гуфтанд, ки тайи чанд соли ахир мактабҳои ӯзбекӣ ба тоҷикӣ табдил ёфтаанд. Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон таҳсили ӯзбекзабонҳоро дар мактабҳои тоҷикӣ тасдиқ кард, вале гуфт, ки «инро худи ӯзбектаборон ба хотири ояндаи беҳтари фарзандонашон интихоб кардаанд».

Конвенсияи байналмилалӣ оид ба аз байн бурдани ҳама гуна шаклҳои табъизи нажодӣ соли 1965 дар Маҷмаи умумии СММ қабул шуда, соли 1969 ба иҷро даромад. Кишварҳои узви ин санад, ки шумори онҳо ба 175 давлат мерасад, вазифадоранд, ки ҳамасола дар назди Кумитаи зидди табъизи нажодӣ ҳисобот диҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *