Президент чаҳор мақомдорро аз вазифа барканор кард

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон чаҳор мақомдори шаҳри Алмалики кишварашро аз вазифа барканор кард. Раиси ноҳия, сардори бахши корҳои дохилӣ, сардорони андозу молия шомили чаҳоргона ҳастанд.
Мирзиёев гуфт, ки мақомдорони мазкур лоиқи курсиҳои ишғолкардаашон нестанд. «Ҳар роҳбар бояд аз ҳамон ҳавое нафас бигирад, ки мардум мегиранд: агар барқ нест, пас бояд бе барқ зиндагӣ кунанд, агар роҳ нест, пас бе роҳ ва агар об нест — бе об зиндагӣ кунанд», — гуфт вай.

Президенти Ӯзбекистон низоми наверо пешниҳод кард, ки тибқи он ҳамаи роҳбарони ноҳияҳо набояд дар алоҳидагӣ зиндагӣ кунанд. «Давлат барои роҳбарон дар ноҳияҳо манзил ҷудо мекунад. Бигзор ҳар роҳбар бо чашмони худ болоравии нархи нон, гӯшт ва бемасъулиятиро дар бозорҳо бо чашмони худ бубинад», — афзуд Мирзиёев.

Ба навиштаи расонаҳо, президенти Ӯзбекистон ҳокими пешини ноҳияи Юнусобод Мираъзам Мирқосимовро, ки моҳи март аз мансаб сабукдӯш шуда буд, дар шаҳри Алмалик ҳоким таъин кард. Мирқосимов низ баъди сафари Мирзиёев ба Юунусобод аз мақом барканор шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *