Ҳайати ҳунарии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон

Субҳи имрӯз ҳайати ҳунарии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб барои иштирок дар барномаи муштараки консертии «Шоми дӯстӣ»-и шаҳри Тошканд ба роҳ баромаданд.

Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додаанд, барномаи муштараки консертии «Шоми дӯстӣ» бегоҳии 17 августи соли равон дар Кохи форумҳои «Ӯзбекистон» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон сурат мегирад.

Ҳайати ҳунарӣ, ки ба он 170 нафар шомиланд, ба шаҳри Хуҷанд рафта, аз он ҷо тавассути гузаргоҳи сарҳадии «Фотеҳообод»- «Ойбек»  ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон раҳсипор мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, дар барномаи муштараки «Шоми дӯстӣ» ҳунарпешаҳои шинохтаи тоҷик, ба мисли Давлатманд Холов, Адҳам Холиқов, Саидқул Билолов, Таҳмина Ниёзова, Муҳаммадрафӣ Кароматулло ва ансамблҳои рақсиву эстрадӣ аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон иштирок намуда, фарҳанг ва санъати тоҷикро муаррифӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *