Марг дар қуллаи Исмоили Сомонӣ (тафсилот)

Сергей Матвеев ва Дмитрий Кумшаев – ду кӯҳнаварди рус – рӯзи 14-уми август ҷузъиёти суқути чархболи фотеҳони қуллаи «Исмоили Сомонӣ«-ро ба Радиои Озодӣ нақл карданд. Онҳо гуфтанд, ҳодиса дар пайи номусоидии ҳаво дар ҳудуди ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ) рух дод ва касоне, ки барои наҷоти ҷонашон пештар худро аз чархбол ба берун ҳаво дода буданд, ҳалок шуданд.

Чархболи ҳомили 15 кӯҳнаварди хориҷӣ ва се сарнишини тоҷик бегоҳи 12-уми август дар поёноби пиряхи Фортамбек ба садама дучор шуд. Дар натиҷаи он се кӯҳнавард ва ду сарнишини тоҷик ҷон бохтанд. Ин гуруҳ узви ҳайати 150-нафарӣ буданд, ки барои фатҳи Исмоили Сомонӣ дар Тоҷикистон қарор доштанд.

«Ҳар кас барои зинда мондан талош дошт»

Сергей Матвееви 41-сола аз Екатеринбург рӯзи 14-уми август дар бемористони «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе гуфт, ки ҳодиса ба далели номусоидии ҳаво рух дод. Ӯ ба хотир овард, ки «аз оғози парвоз тарс дошт ва дилаш аз вуқӯи ҳодисаи нохуш гувоҳӣ медод».

Ин кӯҳнаварди рус гуфт, «ҳангоми парвоз чархбол якбора ба кӯҳ бархӯрд. Ҳама доду вой карданд. Ҳар кас талош дошт, зинда монад. Онҳое, ки аввал шуда, аз чархбол худро ба берун партофтанд, сахт маҷруҳ шуда, сипас, ҳалок шуданд».

«Чанд сония дертар паридем ва зинда мондем»

Кӯҳнавардони маҷруҳ дар садамаи чархбол дар куҳистони ҳудуди ноҳияи Лахш мегӯянд, ҳангоми поин шудан аз қуллаи Исмоили Сомонӣ ба бошишгоҳашон ҳаво хеле бад буд ва барф меборид. Сергей Матвеев гуфт, “аз оғоз эҳсос мекардам, ки парвози мо хатарбор аст. Як вақт садои бархӯрди чархбол баланд шуд ва дар поям дардро ҳис кардам. Ҳамааш дар чанд сония рух дод. Чархбол афтид ва ҳама худро ба берун партофтанд. Касе якум шуда, аз чархбол худро партофт ҷон дод ва мо чанд сония дертар паридем ва ҷон ба саломат бурдем.”

Сергей Матвеев афзуд, баъди сар задани ҳодиса ҳамаро як ҳолати ваҳшатнок фаро гирифта буд. Ӯ гуфт, баъди сар задани ҳодиса фаврӣ ба наҷотдиҳандаҳо хабар доданд, вале танҳо баъди қариб як шабонарӯз онҳоро пайдо карданд. Матвеев мегӯяд, ба бахти онҳо дар миёнашон як наҷотдиҳандаи таҷрибадор буд ва ӯ медонист, ки дар чунин ҳолат чӣ кор кунанд.

«Одамон дар пеши чашми мо мурданд»

 

“Ҳодиса соати 5-6-и бегоҳ рух дод ва танҳо соати 8-и субҳ чархболҳои наҷотдиҳандаҳо болои сари мо пайдо шуд. Онҳо хеле баланд парвоз доштанд ва моро намедиданд. Наҷотдиҳандае, ки ҳамроҳи мо буд дар ин кор таҷриба дошт ва ӯ барои фаромадани чархболҳо ҷой омода мекард ва ишораҳоеро дар рӯи замин менавишт, ки онро танҳо саршинҳо мефаҳманд. Мо кӯшиш кардем, ки бо ягон чиз дуд сар диҳем, то дигарон хабардор шаванд ва моро пайдо кунанд.”

Ба қавли Матвеев, 3 кӯҳнавард дар рӯи дастони онҳо ҷон доданд ва худашон низ шаби хунукро бо сахтӣ рӯз карданд. Дмитрий Кумшаев, кӯҳнаварди 54-сола аз шаҳри Санкт Петербурги Русия низ гуфт, “аз ҳама даҳшатовар он буд, ки одамон дар пеши чашми мо мурданд. Онҳо зинда буданд ва баъдан як-як мурданд.”

Табибон: Вазъи саломатии ду кӯҳнавард вахим аст

Табибони беморхонаи “Истиқлол” мегӯянд, аксари кӯҳнавардон шоми дирӯз дар ҳолати вазнин ба беморхона оварда шуданд ва вазъи саломатии ду нафари онҳо то ҳол нигаронкунанда аст. Саъдулло Шоев, мудири Шуъбаи ҷарроҳии асаби беморхонаи “Истиқлол” мегӯяд, аз миёни 12 кӯҳнавард ва як халабон — чаҳор нафари онҳо бо сабаби беосеб будани вазъашон ба хона рухсат шуданд. Вале ҳолати ду нафари онҳо, аз шаҳрванди Испания ва як нафар аз Русия сангин арзёбӣ мешавад.

Ба қавли ҷаноби Шоев, ин ду нафар латхӯрии вазнини мағзи сар доранд. Кӯҳнавардони дигар асосан аз ноҳияи косахонаи сар осеб дидаанд. Масъулини беморхонаи “Истиқлол” мегӯянд, ба кӯҳнавардон ҳама кӯмакҳои аввалия расонида шудааст ва онҳо зери назорати қатъии табибон қарор доранд.

Ҳалокати се кӯҳнавард ва ду сарнишин

Дмитрий Кумшаев

Дмитрий Кумшаев дар ҳодисаи суқути чархбол бо ҳамсараш буд ва ӯ ҳам бо ҷароҳатҳое дар бемористон бистарӣ аст. Ҳамсари Кумшаев дар шуъбаи эҳёгарӣ ва худи ӯ захми начандон вазнин бардоштааст. Ин кӯҳнаварди рус рӯзи 14-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ аз китф ва ҳамсараш аз сар ҷароҳат бардоштааст.

Кумшаев дар бораи ҳодисаи ба сараш омада мегӯяд, зиёд умед надоштанд, ки зинда мемонанд, аммо “бахт ба рӯи мо хандид.”

 

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфтанд, ки дар садамаи чархбол се кӯҳнавард ва ду сарнишини тоҷик ҷон бохтанд. Боқимондаи кӯҳнавардон аввал ба бемористони ноҳияи Лахш ва сипас тавассути чархбол ба бемористони “Истиқлол”-и Душанбе интиқол ёфта, вазъи саломати бархеи онҳо вазнин гуфта мешавад. Мақомот гуфтанд, рӯзи 14-уми август чаҳор кӯҳнаварди рус аз бемористон мураххас шуда, ба ватанашон баргаштаанд.

Рӯзи 14 август як масъули Додситонии кулли Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки санҷиши ин ҳодиса аз ҷониби додситониҳои ҳарбӣ ва нақлиёти Тоҷикистон муштаракан ба роҳ монда шудааст. Ин масъули додситонии кулл ба савол дар заминаи қонунмандии истифодаи чархболи Горди миллӣ дар интиқоли кӯҳнавардон посух надод ва танҳо гуфт, ки баъди санҷиши ин ҳодиса мақомот ҳатман хулосаҳои онро дар ихтиёри матубот қарор медиҳанд.

Як масъули Горди миллии Тоҷикистон дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки чархболи суқуткарда ва ҳам халабонҳо дар тобеияти ин ниҳод буданд ва рӯзии 14 август ду нафари онҳо — сарнишинони чархбол ва шаҳрвандони Тоҷикистон Музаффар Файзуллоев ва Саидҷон Қобилов ба хок супурда шуданд. Узви сеюми тими халабонҳо — подполковник Бобоназар Ҷалилов ҳамроҳ бо кӯҳнавардон шоми 13 август ба Душанбе интиқол ва дар бемористон бистарӣ шуд.

«Озодӣ»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *