Ҳайкали мӯйсафед ва хирси ӯ дар Душанбе

Дар Душанбе ҳайкали Бобои Талабшоҳ ва хирси ӯ бо номи Марияро сохтаанд. Бобои Талабшоҳ ва хирси ӯ солҳои тӯлонӣ як рамзи зиндаи пойтахти Тоҷикистон буданд, вале марги ин мӯсафед дар 5 соли пеш Душанберо аз ин тимсолаш маҳрум кард. Акнун Бобои Талабшоҳ боз ба Душанбе бармегарданд, вале ба сурати тандис.

Мӯйсафед ва хирс

Бобои Талабшоҳ ва Мария, хирси дастомӯзи ӯро бисёре аз сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе ба ёд доранд. Ин пирамард ва хирси ӯ басамбули пойтахти Тоҷикистон табдил шуда буданд. БобоиТалабшоҳ ва Мария 18 сол дарканори ҳам буданд. Онҳотақрибан ҳар рӯз дар хиёбонҳои марказии шаҳр пайдо мешуданд ва бо иҷрои ҳаракоти чолиб ва намоишӣ ба тамошочиҳо хушҳолию шодӣ мебахшиданд. Хирси Бобои Талабшоҳ Мария ном дошт, ӯро ба хотири кахрамони марказии сериёли «Просто Мария» чунин ном гузошта буданд.

Наздики панч сол пеш риштаи умри Бобои Талабшоҳ гусаста гардид. Гӯиё хиёбонҳои шаҳр холӣ аз сафою самимият шуд. Дигар пиру барно бо ҳасрат мӯйсафед ва хирсашро ба ёд меоранд ва ба ёди лахзахои ҳунарнамойии Мария ва Бобои Талабшоҳ (Худованд раҳмату мағфираташ кунад!) дилашон гум мезанад.

Албатта, бисёре аз расонахои тасвирй ва чопии дохилу хориҷ дар бораи достони дӯстию рафоқати Бобои Талабшоҳ ва Мария гузоришҳое тахия ва пахш кардаанд. Махдии Бимонй, аккос ва коргардони эронй мустанаде дар бораи ин пирамарди тоҷик ва хирсаш сохта ва Телевизиони Форсии Би-би-сй ду сол пеш ин филмро пахш карда буд.

Имруз ба хукми тасодуф бо муҷассамаи Бобои Талабшоҳ ва Мария рубару омадам. Зохиран бо фармоиши нафаре ин тандисро сохтаанд ва он рӯзҳои наздик ба маҳалли аслии иқоматаш бояд интиқол дод шавад.
Бобои Талабшоҳ агарчӣ ҷисман дигар дар миёни мо нест, аммо достони ӯ ва хирсаш ба шарофати ин тандису аксҳо ва тасвирҳояшон дар хотираи мо ҷовидона нақш хоҳад баст.
Рӯҳи Бобои Талабшоҳ шод бод, ки дар вақти зиндагиаш якчо бо Мария калбу рухи хазорон нафарро ҳамарӯза шод мекард ва ба онхо шодию сурур мебахшид!
Сарнавишт Марияро баъд аз марги Бобои Талабшоҳ бо Боғи вуҳуши шаҳрамон бурда буд. Ҳоло намедонам ӯ зинда аст ё…. ба назди дӯсти содиқаш рафта.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *