Қодиров ба хотири мусулмонҳо ҳатто бо Русия мухолифат хоҳад кард

РИА Новости мақолаеро, ки муаллифаш тазоҳуроти беиҷозати мусламонҳо дар ростои сафорати Мянмарро ба «харобкориҳои ДИИШ» баробар карда буд, аз саҳифа бардошт. Мақола дар бахши «Афкор» пахш шуд ва муаллифаш Дмитрий Косирев гуфт, муаслмонҳое, ки 3 сентябр бо пуштибонӣ аз қавми Роҳинҷа даст ба тазоҳурот заданд, дар асл «аз ҳуқуқи ҷинояткорон пуштибонӣ мекунанд.» Ӯ ҳамчунин гуфт, ин тазоҳурот намунаест, ки идеологҳои ДИИШ баъди суқут даст ба ҳамингуна амалҳо мезананд. Мақола як соат баъди пахш аз саҳифа бардошта шуд.

Дар Мянмар, ки бахши умдаи аҳолиашро буддоиҳо ташкил медиҳанд, мусалмонҳои Роҳинҷа таҳти таъқиби мақомоти маҳаллӣ қарор доранд. Даҳҳо ҳазор намояндаи ин қавм дар ин авохир иҷборан аз кишвар фирор кард. Дар як ҳафтаи ахир беш аз 400 нафар дар задухурди байни мусалмонҳо ва буддоиҳо қурбон шуданд.

Намоиши эътирозии мусалмонҳо бо пуштибонӣ аз қавми Роҳинҷа рӯзи якшанбе дар Маскав баргузор шуд. Тазоҳурот дар ҳоле қатъ шуд, ки намояндаи номаълуме аз тарафи раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров эътирозгаронро ба парокандашавӣ даъват кард.

Худи Қодиров дертар гуфт, ки агар Русия аз таъқиби Роҳинҷа пуштибонӣ кунад, ӯ ба ин мавқеъ мухолиф хоҳад буд. Рӯзи душанбе тазоҳуроти ҷонибдории Роҳинҷа дар Грозний, пойтахти Чеченистон баргузор шуд. Мақомоти Чеченистон мегӯянд, ки дар он беш аз миллион нафар иштирок кард. Аммо ба гуфтаи нашрияи » Кавказ-реалии» (тарҳи Радиои Озодӣ) теъдоди иштирокдорон бештар аз 150 ҳазор нафар набуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *