«Ҳаёти зан бе зӯроварӣ»
Нисфирӯзии 27 ноябри соли равон Сафорати Амрико дар Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии зӯроварӣ нисбат ба занро бо доир намудани вохӯрии футбол байни мунтахаби занони Тоҷикистон ва дастаи мардонаи сафорат таҷлил кард. Вохӯрӣ таҳти унвони «Ҳаёти зан бе зӯроварӣ» сурат гирифт.
Қабл аз вохӯрӣ кордори муваққатии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон Кевин Коверт ба иштирокчиёни мусобиқа, мухлисони ҳар ду даста ва намояндагони ВАО оид ба марому мақсади санаи мазкур сухан гуфта, таъкид намуд, ки мушкилоти хушунати оилавӣ дар кулли ҷаҳон, аз ҷумла Амрикову Тоҷикистон вуҷуд дорад. Зӯроварӣ нисбат ба зан бештар аз ҷониби шавҳарон ё хешони онҳо ба вуқӯъ меояд. Бозие, ки пас аз чанде байни футболбозбонувони тоҷик ва дастаи мардонаи сафорат шурӯъ мегардад, рамзи ҳамдигарфаҳмию баробарӣ ва аз зӯроварӣ озод будани занон хоҳад шуд. Кевин Коверт ба ҳар ду даста барор хост.
Мунтахаби занони Тоҷикистон бозиро аз нимаи майдон оғоз намуда, дарҳол ба ҳуҷум гузашт ва ба дарвозабони дастаи сафорат фишор овард. Се-чор дақиқа пас, ҳангоми ҳуҷуми навбатӣ тоҷикдухтарон нахустин шуда, ҳисобро кушоданд. Ҳамлагари мунтахаб Мадина Фозилова аз канори рости майдон ба майдончаи ҷаримавии мизбонон наздик шуда, аз масофаи 20-25 метр бо зарбаи сахт тӯбро ба сӯйи дарвоза зад. Дарвозабон тӯбро доштанӣ шуд, вале нохост аз дасташ раҳо намуд. Гол!
Ин голи зуд футболбозони сафоратро чанд дақиқае гаранг кард. Духтарон аз муваффақияти аввалин илҳом гирифта, бозиашонро шадидтар карданд. Кормандони ҷавони сафорат аз уҳдаи ҳифзи майдони худ баромада, батадриҷ ҳуҷумашонро метезонданд. Ин талоши онҳо ниҳоят ба мусовӣ кардани қисми якуми вохӯрӣ аз ҷониби Ислом Хӯҷамбердиев боис гардид.
Дар қисми дуюм вазъият ба куллӣ тағйир ёфт. Сафоратиҳо ташаббусро ба дасти худ гирифта, тез-тез дарвозабони мунтахаби занон Ники Фонтесро, ки кордори сафорати Амрико дар кишвари мост ва як сол боз дар тамрину машқи тоҷикдухтарон саҳмгузор аст, ташвиш медоданд. Ҳангоми ҳуҷуми навбатӣ ҳамлагари мардон дарвозабонро аз по афтонда, ӯро лат доданд. Сармураббӣ ӯро бо дарвозабони эҳтиётӣ иваз намуд. Шояд камтаҷрибагии ӯ бошад, ки сафоратӣ Уолтер Андонов аз ин истифода бурда, ҳисобро 2:1 кард.
Бонувон хастаю ҳарифон шердил шуда, суръати бозиашонро метезонданд. Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Музаффар Зайниддинов тез-тез бозигаронро иваз менамуд. Се-чор дақиқа пеш аз фарҷоми вохӯрии шавқовар Наталя Сотникова ҳисобро баробар — 2:2 намуд. Барои муайян кардани ғолибон 5 силсилазарбаи шашметрӣ таъин гардид. Дар иҷрои он бонувон назар ба мардон маҳорати бештар зоҳир карда, 2:1 дастболо шуданд. Ҳисоби умумии ин вохӯрии шавқовар 4:3 бар нафъи мунтахаби занонаи Тоҷикистон анҷом пазируфт.
Ба дастаи ғолиб аз ҷониби Сафорати Амрико дар Тоҷикистон тӯбҳо ва дигар лавозимоти варзиши футбол тақдим карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ