Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон дар конфронси кореягиҳо иштирок кард

Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов дар конфронси илмӣ-амалии «Кореягиҳои Тоҷикистон: 25 солагии барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея, 80-солагии истиқомати кореягиҳо дар қаламрави Тоҷикистон» иштирок намуд.

Конфронс 24 ноябри соли 2017  аз ҷониби Ассотсиатсияи кореягиҳои шӯравии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи омӯзиши мушкилоти кишварҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии кишвар, ҷомеаи коршиносӣ, инчунин намояндагони ҳайатҳои дипломатии муқими ҶТ иштирок намуданд.

Дар ҷараёни конфронс ширкаткунандагон масъалаҳои таърихи муҳоҷирати кореягиҳо дар Тоҷикистон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ, саҳми кореягиҳо дар таҳкими истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин вазъи муосир ва дурнамои ҳамкориҳои бисёрҷонибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Кореяро баррасӣ намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *