Нахустин фармони президент

Президенти тозаинтихоби Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков бо имзои нахустин фармони худ ба президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев унвони «Қаҳрамони Ҷумҳурии Қирғизистон»-ро дод.

Ба огаҳии дастгоҳи президенти Қирғизистон, ин унвон ба Отамбоев барои «хидматҳояш дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот дар кишвар, гузоштани заминаҳои рушди устувори Қирғизистон, изҳори иродаи сиёсӣ ва мардонагӣ» тақдим гашт. Бар пояи фармон, Отамбоев ҳамчунин бо нишони махсуси «Оқ-Шумқор» қадрдонӣ шудааст.

Сооронбой Ҷээнбеков 24 ноябр, баъд аз ёд кардани савганд гуфта буд, ки «Отамбоев фарҳанги нави сиёсиеро дар кишвараш асос гузошта, қудратро дар асоси интихоботи одилона таслим кард». Ҷээнбеков изҳор дошта буд, ки бо нахустин фармони худ ба ӯ унвони «Қаҳрамони Ҷумҳурии Қирғизистон»-ро хоҳад дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *