“Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал”
“Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал” китоби ҷадиди академик Акбар Турсон аст, ки ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе нашр ва рӯнамоӣ шуд. Ин асар бахшида ба гиромидошти академикҳои Академияи илмҳои СССР ва Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ва Муҳаммад Осимӣ таълиф шудааст. Ин китоб бо эҳтимоми профессор Аскаралӣ Раҷабов нашр шудааст.
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зимни муаррифии ин китоб гуфт: “Академик Акбар Турсон дар китоб ҳама гуна буҳтону туҳматномаҳоеро, ки бар зидди миллати тоҷик ва шахсиятҳои миллии мо равона шуда буданд, илман ва бо факту далел рад кардаанд”.
Академик Акбар Турсон мегӯяд, ки дар ин китоб кӯшиш кардааст аз шахсиятҳои барҷастаи миллӣ ва таъриху тамаддуни дуру наздики худ, каме ҳам бошад, ҳимоят кунад.
“Мо то ба ҳол натавонистем, ки аз шахсиятҳои барҷастаи миллӣ ва таъриху тамаддуни дуру наздики худ ҳимоят кунем, онҳоро ҳифз намоем ва баҳраманд шавем. Ин китобро ба он хотир бо забони русӣ навиштам, ки ба дасти аудиторияи васеътар бирасад ва огоҳ бошанд, ки тоҷикон чӣ гуна миллатанд”,- афзуд муаллиф.
Ин академик илова кард: “Беҳтар аст, ки мо се шахсияти барҷаста — Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Муҳаммад Осимиро муқаддасоти миллати тоҷик эълон кунем, зеро онҳо муаррифгари миллату давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ буданд ва барои худшиносӣ ва худогоҳии миллати мо заминаҳои амиқ гузоштанд”.
Гуфтан бамаврид аст, ки Акбар Турсон муаллифи зиёда аз 300 мақола ва асарҳои илмӣ, илмию оммавӣ ва публисистӣ мебошад.
Самтҳои асосии фаъолияти илмияш фалсафа, шарқшиносӣ ва фарҳангшиносӣ аст ва дар таълифоти худ масъалаҳои фалсафии улуми табиатшиносӣ, ҷиҳатҳои иҷтимоӣ, гносеологӣ ва аксиологии илм, проблемаи инсон ва кайҳонро мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор додааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ